(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор шахсони барўманд, хизматнишондода, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҳиссаи сазовори хешро гузоштаанд, аз ҷумла Шамсинисо Бойматова, Абдуҷалил Тошматов, Раҳбарой Тошматова, Хайрулло Ёқубов, Тоҷиддин Тўраев, София Акрамова, Ҷаҳонгир Ўрунов, Нуъмон Миркамолов ва дигарон аёдат карда шуданд.

Фирдавс Шарифзода зимни аёдат таъкид дошт, ки соли сипаришудаистодаи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ соли накў ва хотирмон буд. Зеро бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи се соли охир ба шарафи ин ҷашни муқаддас ҳазорҳо корхонаву иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода шуданд. Ин ҳама талошҳо барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё сохтан буда, нақшаву барномаҳои Давлату Ҳукумати мамлакат маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Аёдатшудагон Шамсинисо Бойматова, Абдуҷалил Тошматов, Раҳбарой Тошматова, Хайрулло Ёқубов, Тоҷиддин Тўраев, София Акрамова, Ҷаҳонгир Ўрунов, Нуъмон Миркамолов ва дигарон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои тавачҷуҳи доимиашон ба собиқадорони соҳа арзи миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки маҳз ба шарофати пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати софдилонаи сокинони мамлакат соли 2021 дар кишвари азизамон, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд, боварӣ доранд, ки ин иқдомҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ва ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дар оянда низ идома хоҳад намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд