(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар партави ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Соли нави мелодӣ ба 42 нафар ятими кулл, дастархони идона ороста шуда, тўҳфаҳои солинавӣ ва кўмаки яквақтинаи молиявӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд кўдаконро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ шуда, ин қишри ҷомеа ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Воқеан ҳам дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо дар ҳама иду айём аз ҷониби Давлату Ҳукумат зери навозиш ва парастиш қарор мегиранд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки Бобои барфӣ ва Барфак табъи ҳозиринро болида намуд.

Хонандагон дар навбати худ, миннатдории хешро ба Сарвари раъиятпарвар ва падари ғамхори хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим расониданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд