(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз директори генералии ширкати "Tcell" Озодхон Давлатшоев ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо роҳбарият ва устодону донишҷўён мулоқоти судманди тарафайн анҷом дод.

Дилафрўз Саидӣ, директори донишкада бо муаррифии донишкада, ташрифи роҳбарияти яке аз ширкатҳои мобилии маъруфи кишвар-Тселлро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла афзуд, ки чанде қабл байни донишкада ва ширкати Тселл санади «Ёддоти ҳамкорӣ» ба имзо расид, ки бастани шартномаи ҳамкорӣ тадбири муҳим ва хеле саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом барои қавӣ намудани робитаи донишкада бо ташкилот роҳандозӣ гардида, барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, такмил додани кадрҳои касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои якҷоя, таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба коргоҳ мусоидат менамояд.

Дилафрўз Саидӣ афзуд, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ бобати фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар пояи ташкилоту корхонаҳо таъкид намудаанд. Инчунин, таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ, ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар иброз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳоро ҳидоят намуданд.

Таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар самти омода намудани кадрҳои болаёқат фаъолият менамоянд. Маҳз ташкили заминаи боэътимод, ҷорикунии системаи муосири таълим ва муҳити илмии пурқувват боиси он гардид, ки соли равон донишкадаро 906 нафар, аз он ҷумла 744 нафар бакалавр, 39 нафар магистратура ва 123 нафар шуъбаи фосилавиро хатм карданд, ки тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 92 фоизи хатмкардагон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Соли ҷорӣ дар донишкада боз ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир кушода шуданд:

1. Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ.

2. Зеҳни сунъӣ.

3. Саноати моҳипарварӣ.

4. Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.

5. Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо).

6. Тиҷорат.

7. Логистика.

Дар маҷмуъ миқдори умумии ихтисосҳо ба 29 адад расонида шуданд.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намуда, вазифаи асосиаш омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат мебошад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Тавре, ки Шумо медонед солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст, ҳадафи асосии ҳамаи ин корҳои донишкада тайёр намудани муттахассисони соҳаҳои мухталифи саноати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ҳамчунин пеши мо иҷрои вазифаҳои мушаххас -кушодани ихтисосҳои нав вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таъсиси шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди донишкада, вусъати забономӯзӣ ва боз ҳам мутобиқтар намудани шароити таълим ба талаботи ҷаҳонӣ меистад.

Роҳбарияти донишкада бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Дар анҷоми суханронии худ Дилафрўз Саидӣ бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, ки донишкада бо коргоҳҳои истеҳсолии «Ҷавонӣ», «Фаровон-1», «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33», «Файзи Расул», ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Имон Интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», Ҷаъмияти саҳомии “АРЗ -4” «Барқи тоҷик» робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва боиси хурсандист, ки имрӯз робитаи донишкада бо ширкати Тселл қавитар гашта истодааст. Ва умедворем, ки ин ҳамкории судманд самараи дуҷонибаи худро медиҳад.

Директори генералии ширкати "Tcell" Озодхон Давлатшоев Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷандро яке аз муассисаҳои олии пешрафта дар қаламрови мамлакат арзёбӣ карда, кадрҳои парваридаи онро таҳсину таъриф намуд. Таъкид дошт, ки ширкати “Тселл” бо роҳандозии чорабиниву маъракаҳои муҳими иттилоотӣ ва дастгирии моддии донишкада ба рушди муносибатҳои тарафайн ҳавасманд мебошад.

Сипас ба як қатор донишҷўёни фаъолу ихтироъкор туҳфаҳои хотиравии ҳавасмандии ширкати “Тселл” тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии донишҷўёни донишкада бо чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд