(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №6-и ба номи Устод Абўабдуллоҳ Рўдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати доимоамалкунандаи самти тарбия баргузор гардид.

Дар машварат нахуст мавзуъи “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои соли 2022-2025” баррасӣ гардид.

Муаззам Азимова омўзгори фанни таърихи МТМУ №6 доир ба аҳамият ва ҳадафҳои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Таъкид гардид, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳоки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки маҳз наврасону ҷавонон метавонанд садди боэътимоди паҳншавии экстремизм ва терроризмро эҷод кунанд. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ истифода менамоянд.

Дар ҷараёни машварат муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир ба мвзуъи матраҳшуда фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Сипас аз тарафи омўзгорони муассисаи таълимии мазкур дар синфҳои мухталиф дарсҳои намунавии тарбиявӣ гузаронида шуд.

Барномаи машваратро конфронси адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-сарзамини сулҳу дўстӣ” ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд