(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода маросими супоридани Грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор баргузор ва ба 40 нафар бонувони ҳунармандони чирадасти шаҳр аз 3000 то 8000 сомонӣ Грантҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода назди ҳунармандон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар рўҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробар-ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали-гардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбари-кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» гувоҳи ин гуфтаҳост, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ва аз ҷумла, дар шаҳр ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Имрўз занони тоҷик олиму омўзгор, духтуру сиёсатмадор, соҳибкору ҳунарманд, варзишгару рўзноманигор ва қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузоранд.

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Дар ин замина соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти Раиси вилоят сазовор гаштанд.

Шаҳрдор гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли ҷорӣ низ қарори Раиси шаҳр аз 30 апрели соли 2021, № 142 Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021- 2025 бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар доираи солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рушди фаъолияти соҳибкории онҳо ба тавсиб расидааст.

Дар ин радиф 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманду эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар байни ғолибони озмуни Гранти Раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақиятҳо дошта, ният доранд, бо истифода аз маблағи Грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омўзонанд.

Таъкид шуд, ки ҳунарҳои зебои тоҷикӣ аз аҳди бостон то ба имрӯз расидаву дар тамаддуни инсоният нақши барҷаста доранд.

Изҳори умедворӣ крада шуд, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини шаҳр бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 40 нафар занони ҳунарманд Грантҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд