(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар толори Идораи филиали ҶСК “Тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Зуҳриддин Хоҷаев сардори Хадамоти эътимодият ва амнияти фаннии ҶСК “Тақсимоти барқ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Озифхон Шарифзода мудири шуъбаи энергетика ва саноати вилоят, Наим Маликисломӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва кормнадони соҳаю собиқадорон Рӯзи барқчиён таҷлил карда шуд.

Зуҳриддин Хоҷаев сардори Хадамоти эътимодият ва амнияти фаннии ҶСК “Тақсимоти барқ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озифхон Шарифзода мудири шуъбаи энергетика ва саноати вилоят аз номи ҶСК “Барқи тоҷик” ва роҳбарияти вилоят барқчиёнро бо Рўзи касбиашон табрику таҳният гуфтанд.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Шурӯъ аз соли 1936 ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишвар бо номи «Варзоби боло», ҳамасола санаи 2-ми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» сохта ба истифода дода шуда, дар ин давра инчунин, таҷдиду тармими як қатор иншооти бузурги энергетикии аҳамияти стратегидошта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар амалӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки энергетика заруртарин омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни он пешрафти ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, равшании ҳар хонадон, ободонию чароғонкунии кӯчаю маҳалла ва шаҳру диёр, равнақи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бағоят бузург аст.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд