(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМоҳи декабри соли равон дар кишвари Тайланд бо иштироки 1600 нафар довталаб аз 96 кишвари олам Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардида, хонандагони шаҳри Хуҷанд соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаи мазкур даҳ нафар хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ки даври интихобии озмунро гузашта, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, ширкат варзиданд. Даври ниҳоии озмун тариқи онлайн сурат гирифта, дар натиҷа хонандагони литсей маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, як медали тилло, се медали нуқра ва шаш медали биринҷиро ба даст оварданд.

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хонандагони зерин:

1. Масумова Фарина - медали тилло

2. Комилов Абӯбакр - медали нуқра

3. Усмонов Алиҷон - медали нуқра

4. Настаршоев Аслан - медали биринҷӣ

5. Сангинов Саидҷон - медали биринҷӣ

6. Абдуллозода Амир - медали биринҷӣ

7. Муртазоев Асадуллохон - медали биринҷӣ

8. Насриддинов Саидалӣ - медали биринҷӣ

9. Қурбонов Ҷамшед - медали нуқра

10. Муруфов Азмад - медали биринҷиро соҳиб гардиданд.

Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ сазовор гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки олимпиадаи байналмилалии математика ва робототехника таҳти унвони «International Math Challange» ҳамасола дар кишвари Тайланд аз ҷониби Мактаби байналмилалии Осиё ва Донишгоҳи байналмилалии Рангсити кишвари Тайланд ташкил ва баргузор карда мешавад.

Хонандагони болаёқати Тоҷикистон ҳамасола дар қатори 100 кишвари аъзои ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъолона менамоянд.

Лозим ба таъкид аст,ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони болаёқати МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат"дар шаҳри Хуҷанд дар 8 Олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ аз ҷумла BRICSMATH, PHIZTECH, MATH-CHALLANGE, UNICEP-JUNIOR, FISO, ANTALYA дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Англия, Амрико, Руссия, Бразилия иштирок намуда 76 медали тилло, 33 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ ба даст оварда, боз ҷиҳати иштирок дар 7 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд.

Омӯзиши фанҳои дақиқ аз ҷумла физика, химия, биология, география, математика дар муассисаи мазкур бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад хонандагони болаёқат ҳамасола дар Олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони англисӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоя намоянд.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли равон 20 нафар хонандагони болаёқати Литсей дар Олимпиадаи байналмиллалии "Дониш", ки дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия баргузор гардида буд, сафарбар карда шуда, бо дастовардҳои наззаррас баргаштанд.

Ҳамакнун 17 хонандагони болаёқати Литсей моҳи январ ба кишвари Амрико ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи фанҳои дақиқ сафарбар карда мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд