(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Бо ин ҳадаф имруз дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд роҳбарияти Марказ бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдору шириниҳо машғуланд, муассисахои хуроки умумию савдо ва истеҳсолот мулоқот баргузор гардид.

Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо баробарии фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар самт фаъолият доранд, қатъиян талаб карда шуд, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 40 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 20 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 200 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 100 кило маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва гузаштани муҳлати истеъмолошан аз муомилот гирифта, барои вайрон намудани талаботи қонқнгузории кишвар нисбати 2 нафар парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз карда шудааст.

Таъкид шуд, ки тадбирҳои беҳдоштии марказ пеш аз ҳама баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешавад.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд