(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ҳудуди Қалъаи Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаҳои гуногуни иншоот ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда шинонида шуд.

Раиси вилоят ба корҳои кабудизрркунӣ оғоз бахшида, барои тақвияти ниҳолшинонӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ба масъулин супоришҳо дод.

Ёдвор мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ ҳифз карда мешавад. Дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар минтақаҳои алоҳидаи қалъа ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома дорад.

Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид хоҳад шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд