(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кулли мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ҷавону бохирад, фазилатпеша, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Рустами Эмомалиро бо ифтитоҳи саҳифаи ҷадиди умри пурбаракаташон бо арзи эҳтиром самимона табрику таҳният намуда, барояшон саломатии бардавом, сарбаландии мудом ва ба кору пайкори давлатдориашон муваффақияту корномаҳои ҷадидро орзуманд аст.

Умедворем, ки Раиси арҷманду музаффарёр, бунёдкор ва дастпарвари мактаби инсонсолории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ баҳри рушди қонунгузории мамлакат ва суръатбахшии тараққиёти соҳаҳои мухталифи пойтахт - шаҳри Душанбе, шаҳри маҳбуби кулли Тоҷикистониён ҳиссаи беназири хешро мегузоранд.

Бори дигари Рузи милод хуҷаставу фархунда бод муҳтарам Раис!