(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва натиҷагирӣ аз солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, деҳот ва сайёҳӣ” дар муассисаи таълимии хусусии Рустамов озмуни фанни риёзиёт баргузор гардид.

Дар озмун вобаста ба эълон гардидани иқдомоти дар боло номбурда гуфторҳои математикиро мутобиқ намуда, бо саволҳои шифоҳӣ, навиштани бештари формулаҳо, ҳалли мисолҳои математикӣ ва ғайра байни хонандагон рақобат ба миён гузошта шуд.

Маълум гардид, ки хонандагон бо шавқу зиёд фанни риёзиро азбар намуда, барои тавсеаи донишҳои худ бо кӯмаки омӯзгорон дар ин самт кўшиш ба харҷ медиҳанд. Гузашта аз ин бо усулҳои нави муосир озмун баргузор гардида, шавқмандии дигар хонандагонро низ ба фанҳои дақиқ бедор намуд.

Мудирияти муассиса ва омўзгорон зимни таҳлил ва натиҷагирӣ аз озмун ба дониш ва маҳорату малакаи хонандагон баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки чунин озмунҳо дар оянда низ роҳандозӣ гардида, барои дарёфт ва тарбияи муҳассилини эҷодкору донишманд шароит фароҳам оврада мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд