(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён ҳамасола озмуни “Мураббии сол” баргузор мегардад.

Дируз дар толори донишкада марҳилаи ниҳоии озмуни “Бизнес-идеяи нав 2021” натиҷагирӣ карда шуд, ки дар он 19 нафар ғолибони давраҳои қаблӣ иштирок ва ғолибият ба даст оварда буданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур ҳамасола баргузор гардида, бори аввал соли ҷорӣ ширкатҳои маъруфи ватанӣ: ҶДММ “Лидер”; ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”; ва ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ҳамчун сарпарасти озмун ҷалб карда шуданд.

Аз ҷониби донишҷўёни фаъолу эҷодкор 18 бизнес идея ба аъзоёни ҳакамон пешниҳод карда шуд ва дар ҷамъбасти баҳоҳо ғолибон дар ҳайати зерин муайян гардиданд. Ҳамин тавр, тибқи хулосаи баҳои ҳакамот мақоми аввалро Фарзона Маҳмудова ва Зулфия Иномова бо лоиҳаи “Истеҳсоли хӯроки омехта барои гулмоҳӣ” ба даст оварданд. Зинаҳои дуюм Шаҳзода Солиева бо лоиҳаи “Барномаи мобилии CookNet”, Олимҷон Юсупов бо лоиҳаи “Истеҳсоли плиткаҳои резинӣ” ва Мўниса Ваҳҳобова бо лоиҳаи “Истеҳсоли мантуи вегетренӣ” соҳиб шуданд. Ҷойи сеюмро ба Аъзамҷон Азимов бо лоиҳаи “Истеҳсоли тӯҳфаҳои нодир” ва Ҷонибек Нарзиев бо лоиҳаи “Сохтани гул ва дигар маҳсулот аз собун” лоиқ донистанд.

Бояд қайд кард, ки барои ҷои якум ҳамчун тӯҳфа маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ аз тарафи сарпарастони озмун ва сертификат бо дороии 700 сомонӣ аз тарафи ТАҚХ Имон интернешнл тақдим гардид.

Барои ҷойҳои 2-юм ҳамчун тӯҳфа маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1200 сомонӣ ва барои ҷойҳои 3-юм ҳамчун тӯҳфа маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ супорида шуд.

Инчунин барои ҳамаи иштирокчиёни озмун сертификати иштирокчии фаъол аз тарафи донишкада тақдим гардид. Ва барои дар пояи парки технологии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ ба амал татбиқ намудани 2 лоиҳаи амалишаванда сертификати грантӣ пешниҳод карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд