(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре, ки иттилоъ дода будем бо ҳамдастии шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ё хушунат эълон гардида буд.

Имрўз дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода ба ғолибони Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр, дар номинаи «Гузориш ва ё барномаи телевизионӣ» муҳаррири ШТР «СМ1» Муҳаббат Муродова мақоми аввал, Фарзона Ҳодибоева муҳарири ШТР «Азия» ҷойи дуюм ва Меҳрангези Абдуаҳад зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар бахши матбуот Фарзона Муродӣ, хабарнигори рўзномаи «Пайк», Мафтуна Исмоилова рўзноманигори мустақил ва Нодир Турсунзода мухбири рўзномаи "Ҳақиқати Суғд» мутаносибан мақомҳои ифтихориро касб намуданд. Дар номинаи «Ролики беҳтарин» ғолибият насиби Меҳрангез Охунова, хабарнигори радиои «Тироз», Муҳайё Шарипова, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд ва Фараҳноз Набиева, донишҷўйи шуъбаи рўзноманигории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолибият ба даст оварданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи озмун пеш аз ҳама муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси маводҳои марбут ба мубориза алайҳи хушунат, зӯроварӣ дар оила, гендер ва инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамзамон саривақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди қонунгузории кишвар доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати зан, ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ буд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд