(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДастаи "Хуҷанд" дастаи "Истиқлол"-ро бо ҳисоби 2-0 мағлуб карда, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 гардид. Ин бозии финалӣ, санаи 9 декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» байни қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол» Истиқлол» ва ноибқаҳрамони мавсими имсолаи мусобиқоти футболи кишвар «Хуҷанд» бо иштироки беш аз 20 ҳазор нафар мухлисон доир шуд.

Дар қисматҳои аввал ва дуюми бозӣ имкониятҳои хубе барои бозингарони «Хуҷанд» фароҳам оварда шуд, ки то ғолибиятро ба даст оваранд. Бахусус дар дақиқаҳои охирини бозӣ голҳо ба ҳадаф расонида нашуданд.

Баъди эълони дақиқаҳои иловагӣ зарбаи ҷаримавӣ ба дарвозаи «Истиқлол» эълон гардид ва дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев тўбро ба дарвозаи худ роҳ надод, вале Ҳоҷибой Зиёев бозингари №6-и «Хуҷанд» ки чанде пеш дохили майдон шуда буд, голи моҳиронаеро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 117-уми бозӣ бозингари дигари «Хуҷанд» таҳти №7 Артём Сердюк бо задани голи дуюм табъи мухлисони бисёрҳазорнафараро шоду масрур гардонд.

Ҳамин тавр, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд панҷумин маротиба ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гашт. Аз ин қабл солҳои 1997, 1998, 2002, 2008 ва 2017 ин даста ғолиби мутлақ шуда буд.

Дар маросими супоридани Ҷом ва медалҳо ба ҳайати дастаҳо Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, бозингарони дастаи "Хуҷанд"-ро бо пирӯзӣ табрик карданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд