(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақшаи чорабинии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии ҳамоҳангсози миллӣ ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шахри Хуҷанд оид ба каратэ байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар Муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Маликисломӣ Наим ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафурзода Абдувосид иштирок намуда, ғолибони ҷоизадоронро бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд