(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, манфиати гирифтани ваксина ба саломатии инсон, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқоти байни волидон дар МТМУ№20 ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Ваксина - наҷот аз марг аст" бо иштироки волидони синфҳо гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ сардухтури маркази назорати давлати санитарии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов, мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳӣ маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд Азиза Ниёзматова, мудири шуъбаи занони ҳизби халқи демократӣ дар шаҳри Хуҷанд Маҳлиё Ишанова, намояндагони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, шуъбаи маорифи шаҳр ва волидайн иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ аз тарафи хонандагон дар бораи риояи гигиенаи шахсӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқобҳои яккарата, қоидаҳои шустани дастон ва риояи фосилаи иҷтимоӣ маълумот доданд. Инчунин навор оиди гирифтани ваксинаҳо ва хулосаву фикрҳои шахсони ваксинагирифта намоиш дода шуд. Саҳначаи ҷолиби диққат аз ҳолатҳои оилаҳое, ки ин бемориро паси сар намуда истодаанд, намоиш дода шуд. Аз тарафи омӯзгорони фанни суруд ва мусиқӣ ва хонандагони синфҳо суруди умумӣ дар васфи Сулҳ сароида шуд.

Сардухтури маркази назорати давлати санитари эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов дар ҳамоиш баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрӯзҳо аксари сокинони шаҳр бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксина мегиранд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Мутаассифона нафароне ёфт мешаванд, ки то ҳол ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ва онҳо бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Эмкунӣ роҳи боэътимоди муҳофизати худ ва наздикон аз ҷараёни сироятёбии шадиди Ковид-19 мебошад. Бо назардошти динамикаи паҳншавии намудҳои нави коронавирус, дер ё зуд ҳама инфексияро гирифтор хоҳанд кард, аз ин рӯ беҳтар аст, ки бадани худро ба он пешакӣ омода намуда, худро бо муҳофизати иммунӣ таъмин намоем.

Дар ҷараёни чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон оиди саривақт гирифтани ваксина шунида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд