(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар иншооти партовоббардории асосии шаҳри Хуҷанд маросими пўшидашавии лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ, муовини рохбарияти SECO дар Тоҷикистон Ришард Шинивар, намояндаи мушовири ширкати Холингер- давлати Швейтсария Файзалӣ Ҳасанов, инчунин пудратчиёни лоиҳа ва кормандони КВДК «Хуҷандобуканал» баргузор гардид.

Директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал» Носир Ғафурзода дар бораи муваффақона татбиқ шудани лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии комммуналӣ лоиҳаи мазкур амалӣ гардида, шароити беҳтари кору фаъолиятро муҳайё шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқ шудани лоиҳаи мазкур, як қатор корҳо амалӣ шуданд, аз ҷумла иншооти партовоббардори асосӣ таъмир ва тачдид гардид, дар ин раванд ҳисобченкунакҳои обии ҳаҷмашон калон ва таҷҳизоти иловагӣ харидорӣ ва насб карда шуданд, қубурҳои фарсудашуда иваз гардиданд, мошин ва механизмхо барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ харидорӣ карда шуд ва ғайраҳо.

Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ баромад намуда, аз вазъи татбиқи лоиҳа тибқи нақшаи пешбинишуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба амалинамоии дигар лоиҳаҳои муҳими соҳаро таъкид дошт.

Чун арзи эҳтиром ба меҳмонон аз ҷониби КВДК “Хуҷандобуканал” туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Сипас, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ ва меҳмонон дар инфрасохтори иншооти партовоббардории асосии шаҳри Хуҷанд бо ҳолати амалигардидаи лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» шинос шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд