(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ширкати «Zet Mobile» якҷо бо бошгоҳи футболи «Хуҷанд» барои тарбиятгарони мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳр ба номи Сироҷиддин Тоҷибоев чорабинии хайриявӣ ташкил карда шуд.

Дар барномаи хайриявӣ футболбозони хуҷандӣ таҳти роҳбарии директори иҷроияи бошгоҳ Муродҷон Умаров, кормандони ширкати «Zet Mobile» бо роҳбарии директори минтақавии ширкат Баҳром Ашрапов табъи кўдаконро болида намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки ин иқдом бо риояи анъанаи неки дерин ва такя ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд, беморон, маъюбон ва ятимон барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳр амалӣ карда шуд.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ аз ин иқдоми ширкати «Zet Mobile» ва бошгоҳи футболи «Хуҷанд» хушнуд гардида, изҳори миннатдории тарбиятгирандагонро расонид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби Ширкати «Zet Mobile» ва бошгоҳи футболи «Хуҷанд ба тарбиятгарони мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳр якчанд номгӯйи лавозимоти таълимию рӯзгор тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд