(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд тамоми ғолибон, омузгорон ва волидайни онҳоро бо комёб шудан ба ин шарафи бузург аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат»» баргузор гардид. Мақсади баргузории озмуни мазкур амалисозии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.

Таъкид шуд, ки озмун ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон хизмат мекунад, ки дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ омили муҳими такмили муносибатҳои истеҳсолӣ бояд гардид.

Фируза Нуруллозода гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тайи сеюм сол инҷониб бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди ташкилию маърифатӣ доир гардида истодааст.

Ҳадафи Сарвари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омўхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқ ба ишғоли мақомҳояшон аз 500 то 1000 сомонӣ маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд