(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади рушди сифати таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи фанни мазкур бо иштироки омўзгорони макотиби миёнаи шаҳр баргузор гардид.

Омўзгори фанни суруд ва мусиқии муассисаи таълимии миёнаи умумии №27 Мастона Ахмедова дар мавзуъи “Азизи мисли ҷонам, Тоҷикистон” аз фанни суруд ва мусиқӣ дар синфи 6 дарси кушод гузаронд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон доир ба савту оҳанг, тарзи навишт ва ҷойгиршавии нотаҳоро дар нотагоҳ аз бар намуданд. Ҳамзамон дар бораи мазмуну моҳияти суруд маълумот пайдо ва онро қироат карданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ дар муассисаи таълимӣ кабинети суруд ва мусиқӣ таҷҳизонида шуда, бо аспобҳои зарурии ин фан таъмин карда шудаанд, ки барои босифат ва амалан гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни машғулият зикр гардид, ки ба василаи омўзиши ин фан хонандагон аз таърихи фарҳанги миллии худ бохабар гардида, оҳангсозони тоҷикро мешиносанд. Фанни суруд ва мусиқӣ шавқу ҳаваси сурудхониро ба дил ҷой медиҳад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд