(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади пиёда сохтани сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати мамлакат ва дар ин замина дастгирии сокинон бахусус қишри осебпазир мағозаи «Беҳтарин»-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намудааст.

Молу маҳсулот дар ин мағоза ба шаҳрвандон то 10 фисад арзон пешкаш гардида, ҳамзамон дар доираи баргузории аксияҳои ташкилоти қарзӣ ва бонкҳои Алиф» ва «Эсхата» то 12 фисади солона дода мешаванд.

Бино ба иттилои Хуршед Холматов, роҳбари мағозаи «Беҳтарин» дар ин ҷо беш аз 1000 номгўйи молу колои истеҳсоли ширкати бонуфуз мавҷуд буда, ба мизоҷон бо кафолатнокӣ пешниҳод карда мешавад. Дар сурати корношоям гардидани маҳсулоти харидоршуда, устоҳои мағоза онро ройгон таъмир мекунанд.

Ба ашхоси аз 50 сола боло, камбизоат, рўзи мавлуддошта ва нафарони аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ харидкарда туҳфаҳои махсус аз ҷониби маъмурияти мағоза тақдим карда мешавад.

Тавре зикр гардид, ҳадаф аз баргузор намудани чунин иқдом ин пеш аз ҳама дастгирии сокинон ба молу колои маишӣ арзёбӣ гардида, шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд дар доираи аксияи «Алиф-ҷумъа»-и ташкилоти қарзии бонки «Алиф» аз санаи 26.11.2021 то 4.12.21. аз ин мағоза молҳоро бо нархҳои дастрасу насия бо фоизҳои паст ва кафолатнокӣ харидорӣ намоянд.

Шаҳрвандон аз ин иқдоми изҳори хушнудӣ намуда, барои ташкили он ба мутасаддиён изҳори миннтадорӣ баён мекунанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд