(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБино ба иттилоъ, таҳлил ва таҳқиқи олимону мутахассисони соҳаи тиб таҳдиди хатарбори коронавирус ҳанӯз аз байн нарафтаву хатари авҷгирии он меафзояд. Ин бемории домангир то имрӯз бо намудҳои зиёд ба олам паҳн шуда, зарари худро расонда истодааст. Мутаассифона, то ҳол дар ҷаҳони муосир масъалаи пандемия, гирифтор шудан ба бемории сироятӣ ҳанўз ҳам рақами якум боқӣ мемонад. Ин муаммо ҳанўз ҳам қариб тамоми давлатҳои дунёро ба доми худ кашида, рўз аз рўз мушкилиҳои навро ба миён меоварад. Дарвоқеъ, ҷаҳони муосир басо бўҳрони шадидро аз сар гузаронда истодааст. Ин бўҳрон, ки пандемияи фарогири ҷаҳон номида шуд, басо зарари моддӣ, маънавӣ, руҳӣ ва ғайра ба вуҷуд овард. Ҷаҳони муосир бисёр инсонҳоро аз даст дод ва илова ба ин, саломатии бисёр нафарон коста гардид. Ба иқтисодиёту иҷтимоиёт зиёни беҳисоб овард.

Боиси афсўс, ки бемории сироятии коронавирус ва намудҳои зиёди он ба кишвари мо низ кайҳо роҳ ёфт. Дар фурсати кўтоҳ тавонист зиёни худро расонад. Албатта, масъулини кишвари мо, хосатан табибони моҳир аз пайи пешгирии бемории мазкур ва барқарор намудани саломатии мардум гашта, корҳои бузургро ба анҷом дода истодаанд. Ҳар нафари гирифтор ва ё гумонбар фавран зери назорати табиб қарор гирифта, муолиҷа мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, безараргардонӣ, тамйизгардонии кўчаву хиёбонҳо ва дигар воситаҳои пешгирикунанда дар шаҳру навоҳии кишвари мо ҳанўз аз аввали соли 2020-ум сурат гирифта буд. Корҳои пешгирӣ дар тамоми идораву корхонаҳои чӣ давлатӣ, чи хусусӣ, бозору марказҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ба масъалаи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи махсус доданд. Барои тезтар аз байн рафтани ин беморӣ супоришҳои қатъӣ доданд ва кулли мардумро ба эҳтиёт кардани худ ва атрофиён раҳнамо шуданд.

Лекин, боиси афсўс, ки ҷаҳонро боз даргири мавҷи сеюму чаҳоруми пандемия бо номҳои гуногун нороҳат кард. Тибқи таҳлилҳо мавҷи аввал дар охири баҳор, мавҷи дуюмро дар тирамоҳи соли гузашта гузаронида будем. Мавҷи сеюм бо ном штамми делта ба тобистони имсола рост омад ва қабл аз ҳама, тамоми фарзияҳои ба фасли сол ва гармиву сардӣ рабт доштани вирусро ботил кард. Яъне, ин вирус дар ҳар иқлим ва минтақаи дунё як хел паҳн мешавад ва ба гармиву сардӣ, намиву хушкӣ кор надорад.

Масъалаи иммунизатсионӣ барои миллатҳои дунё чун обу ҳаво зарур буд. Соли гузашта мардуми ҷаҳон орзу мекард, ки барои пешгирии ин бемории сироятӣ ваксина ба вуҷуд ояд. Розӣ буданд ҳатто бо маблағҳои зиёд ваксинаро ба даст оранду худ ва наздикони худро эм кунонанд. Зеро ваксина ягона роҳи наҷот аз сироятёбӣ ва марг ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, дар фурсати муайян якчанд кишварҳои дунё ба истеҳсоли ваксина шурўъ карданд ва ба кори худ муваффақ гаштанд. Ваксинаҳои истеҳсолшуда қобили қабул буда, қудрати пешгирии вируси COVID-19 ва дигар намуди вирусро доранд ва имрўзҳо мардуми давлатҳои хатарафзо аз иммунизатсия мегузаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз қатор намонд. Фавран ваксинаи истеҳсоли кишвари Ҳиндустонро, ки тибқи меъёрҳо яке аз беҳтаринҳо эътироф шудааст, ба даст овард. Баъдан, ваксинаҳои истеҳсоли Хитой, Амрико, Шветсия ва Русия низ дастраси шаҳрвандони мо шуданд. Ин, албатта, ғамхории давлат нисбати шаҳрвандонаш аст. Аммо, бархе мардум ба ин uамхорӣ хунукназарона муносибат мекунанд. Аз гирифтани ваксина саркашӣ мекунанд, илова ба ин, аҳли оила ва наздиконро маслиҳат медиҳанд, ки аз ин тадбир дурӣ ҷӯянд.

Дирӯз худ шоҳиди моҷаро байни аҳолӣ ва духтурони минтақавии яке аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд шудам. Духтури оилавӣ, ваксинатор ва ҳамшираи бақайдгиранда дар ба дари аҳолӣ гашта, ба қавле, бо ҳазор забон мефаҳмонданд, ки ваксина гиранду ҳаёти муrаррариро бидуни беморӣ давом диҳанд. Онҳо аҳолиро тавалло ва зорӣ мекарданд, хуну ҷигар мешуданд, даҳҳо мисол оид ба фоиданок будани ваксина меоварданд, вале, ҳайҳот… Ба гӯши бархе шахсон суханони илман асосноки духтурон асар намекунад. Лекин, баръакс суханони иғвоангези нафарони бешуур асар менамояд. Мафкураи баъзе одамон то дараҷае паст фуромадааст, ки ҳаrро аз ботил фарr карда наметавонанд. Бо духтурон бесаводона баҳс мекунанд, суханони ким-кадом хоинони миллатро, ки тавассути шабакаҳои интернет паҳн мешаванд, мисол меоранду бо ҳамин амалашон гӯё намояндагони соҳаи тибро мот мекунанд. Аз манзараи мазкур шахс дилгир мешавад. Охир, ваксинаи мазкур роҳи наҷот аз сироятёбӣ аст, ин суханонро миллионҳо маротиба мутахассисони дунё гуфтаанд ва мегӯянд.

Дар сӯҳбат роҳбари Маркази тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суuд Зуфнунахон Хоҷаева иброз намуд, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар вилояти Суғд тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии навъи коронавирус идома дорад. Алҳол якчанд намуд ваксина дастрас аст, ки аҳолӣ метавонанд онро бемамоният гиранд. Ваксинаҳои Хитой, Амрико, Русия ва uайра, ки марказҳои саломатӣ пешниҳод мекунанд, ҳамаашон аз стандарти ҷаҳонӣ гузаштаанд ва таъсири хуб доштанашону ягон зарра зиён надоштанашон кайҳо исбот ёфтаанд. Бояд rайд намуд, ки ҳар намуди ваксинае, ки аз ҷониби лабораторияҳо истеҳсол мешаванд, аввалан аз стандарти ҷаҳонӣ мегузаранд. Яъне, барои мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ваксина он аз таҳлилу таҳrиrи садҳо мутахассисони барҷастаи дунё мегузарад. Аз ин лиҳоз, танҳо ваксинаҳои таркибашон бо моеъҳои олӣ дастраси аҳолии дунё мегарданду халос.

Дар хусуси суханони мардум оид ба гӯё баъди эмгузаронӣ насли ҷавон ба безуруётӣ мубтало мегарданд, Зуфнунахон Хоҷаева маълум сохт, ки ин тӯҳмати маҳз аст. Ваксина фаrат қудрати фоидарасонӣ дораду халос, он барои баланд бардоштани иммунитет хизмат мерасонад ва ба тамоми намуди вирус муқобилият нишон медиҳад. Яъне, агар ба бадани инсон вирус дохил шавад, дарав онро хориҷ мекунонад ва инсон бемориро сабук, ҳатто бе ҳарорат ва бемадорӣ мегузаронад.

Нафарони зиёд суол медиҳанд, ки кадом ваксина беҳтар аст. Бояд донист, ки ҳар ваксинае, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додаанд, қобили қабул аст. Ҳар ваксина, новобаста истеҳсоли кадом давлат аст, таъсири якхела дорад ва барои пешгирии бемории сироятӣ мусоидат мекунад. Алҳол исбот шудааст, ки ягона роҳи наҷот аз ин бемории гузаранда гирифтани ваксина аст. Дар баъзе ҳолатҳо баъди гирифтани ваксина шояд шахс бемадорӣ мекашад, мушакҳояш дард кунанд ва ё таби пастро ҳис намоянд. Ин нишонаҳо қобили қабул ҳастанд, яъне инсони солим аз ин марҳила мегузарад. Дар сурати рух додани чунин ҳолат ягон зарра ташвиш накашанд, духтурон маслиҳат медиҳанд, суханро ба итмом расонд ҳамсўҳбат.



Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»