(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфа, иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Сипас, Бахтиёр Исматҷонов табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзодаро бахшида ба Рӯзи Парчам ба самъи ҳозирин расонид.

Муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба иштирокчиён қироат кард. Зикр гардид, ки дарвоқеъ, Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ дар мавзӯи “Парчам саодати халқ” ва устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров Назира Маҳмудова дар мавзӯи “Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии давлат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ баромад карданд. Дар рафти чорабинӣ якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин барои иншоҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Конситутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми конфронс аз тарафи донишҷӯёни донишкада компазитсияи адабӣ – фарҳангӣ намоиш дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд