(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади қадршиносии заҳмати ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва «Илм-фурӯғи маърифат» онҳоро ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва «Илм-фурӯғи маърифат» -ро аз номи шаҳрдорӣ самимона табрику таҳният гуфта, онҳоро ифтихори шаҳри бостонии Хуҷанд арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки бо ибтикороти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани чунин озмунҳои эҷодӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа чунин соҳибистеъдодҳо дарёфту муаррифӣ мегарданд ва беҳтаринҳо қадршиносӣ шуда истодаанд. Гузашта аз ин ташкили чунин озмунҳо дар беҳтар шудани ахлоқ, рушди маънавиёт, ташаккули тафаккур ва васеъшавии ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Он барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавиёти наврасону ҷавонон нақши муассир дорад.

Сипас, Раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода ғолибон ва иштирокдорони фаъоли даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва «Илм-фурӯғи маърифат»-ро бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ намуд.

Ҳунарманди ансамбли наврасон ва ҷавонони “Шашмақом”- и назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Гулноза Ғаффорӣ, ки аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ сазовори Шоҳҷоиза бо маблағи 50 000 сомонӣ гардида буд, фараҳмандии хешро аз ташкили чунин озмун иброз дошта, ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат миннатдории хешро баён дошт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд