(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо ифтихор аз ватандўстиву меҳанпарварӣ ва тарғиби ифтихори муқаддасоти миллату давлатдорӣ дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони “Парчами давлатӣ -ифтихор аз миллату давлатдорӣ” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо Суруди миллӣ оғоз гардид. Директори муассисаи таълимӣ Наима Масобирова роҷеъ ба аҳамияти Парчами миллӣ дар тарбияи ватандўстии хонандагон баромада намуда, аз ҷумла афзуд, ки Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Хушбахтона ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

Дар радифи муқаддасоти дигар Парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи кишвардории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо Парчам ба рамзи пирўзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ва Парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 -ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид.

Чорабиниро барномаи пуршукуҳи фарҳангии хонандагони МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд