(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд чорабинии умумимактабӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон” бо иштироки васеи хонандагон баргузор гардид.

Хонандагон бо шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб бо ифтихор аз ватандорӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ – Парчами миллиро васф намуданд. Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, баъди барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ қабул гардид. Яъне, бо ташаб¬буси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид. Он яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда сурат намегиранд.

Дар ҷараёни чорабинӣ якчанд нафар муассилин ба созмони хонандагон ќабул карда шуданд.

Директори МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд Сурайё Каримова чорабиниро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Парчам мояи ифтихори миллӣ буда, ба ҳайси арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он башорат аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватании мост. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд