(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳамоишро оғоз бахшида, ҳадафи онро шарф дод. Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода роҷеъ ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолият ва ифтихору ватандорӣ маърӯзаи муфассал намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки басо рамзист, ки ба муносибати 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар қаламрави ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор намудани ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон -“Созандагони Ватан” роҳандозӣ гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” дар арафаи таҷлили Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллӣ, нишони муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сўи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат маҳсуб меёбад, баргузор гардида истодааст.

Зикр гардид, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Бешубҳа мақому манзалати ҳизб бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле боло рафтааст. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин радиф яке аз самтҳои асосии барномаи ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон пуштибонӣ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон масъулияти худро барои ободии имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, баён доштааст, ки самти ҳаракати мо бунёди давлати босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта мебошад. Зеро сарварии ҳизбро фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳдаи худ гирифта, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Қайд гардид, ки маҳз ба шарофат ва дастгирии Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан” таъсис дода шуда, ҷавонони кишвар бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳам овардаи давлату Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдкоронаву созанда машғул мебошанд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

Баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - "Созандагони Ватан" 27 июли соли 2011 таъсис дода шуд. Тавре маълум аст, аз мақсадҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи онҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ, фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, инчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар идораи давлатӣ, корҳои ҳизбӣ ва маъракаҳои сиёсӣ, дастгирии барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва номзадҳои пешбарикардаи он дар интихоботҳо, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар, татбиқи дигар амалҳо, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, ба ҳисоб мераванд.

Изҳори ифтихор карда шуд, ки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - «Созандагони Ватан»-и шаҳр ҳамқадами замон буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк карда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ илму дониш омўхта, мунтазам қобилияти худро сайқал медиҳанд ва инчунин дар раванди ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд, аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” Мижгона Худойдодова, Фарҳод Ҳоҷиев, сарбози қисми ҳарбии 3501 Шарифҷон Маҳмадалиев баромад намуданд.

Сипас, якчанд нафар ба аъзогӣ пазируфта шуда, ба эшон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва “Созандагони Ватан” тақдим карда шуд.

Дар аноҷми қисмати расмии ҳамоиш Муроҷиатномаи ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” қабул карда шуд.

Барномаи фарҳангии ватандӯстонаю меҳанпарварона табъи ҳозиринро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд