(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Иширо, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода аснои суҳбат хонум Рика Иширо ба Хуҷандӣ бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ёдоварӣ кард. Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 3 адад лоиҳаи сармоягузории хусусияти иҷтимоидошта муваффақона амалӣ шуда истодааст. Шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатӣ буда, айни ҳол 181 адад корхонаҳои саноатӣ фаъол буда, беш аз 10 000 соҳибкорон дар бахшҳои мухталифи савдою хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Маҷмуъи маҳсулоти саноатӣ беш аз 1, 5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Хуҷанд бо 40 давлати дунё ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Зарфиятҳои иқтисодии фарох аст ва барои истифодаи самараноки он бо шарикони тиҷоратӣ ва институтҳои молиявӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд низ ҳавасманд аст.

Рика Ишӣ раҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон, таъкид намуд, ки Хуҷандро бо таровати тозаву зебогиҳои нав дарёфтааст. Зеро қаблан низ меҳмони ин шаҳри бостонӣ буд. Зикр дошт, ки БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати БАТР қарор гирифтааст.

Дар ҷараёни мулоқот мавзуъҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда ва банақшагирифташуда, амалишавии лоиҳаҳои нави давлатии сармоягузорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, хизматрасонӣ, роҳсозӣ, гармидиҳии мустақил ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.

Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Рика Ишӣ изҳор дошт, ки тибқи барномаи нави ҳамкорӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ба тақвият бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ тавассути ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо пешниҳодоти лоиҳаҳои мушаххас баҳри амалӣ намудани он саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд