(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он аз рӯи номинатсияи «Химия» ҷойи дуюмро Амирҷон Бойматов, хонандаи литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд ба даст овард.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сухан карда, иброз дошт, ки илму маърифат дар ҳама давру замон барои ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардани миллат нақши қалидӣ дорад.

«Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҷараён гирифт. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур пеш аз ҳама кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад»,- гуфт номбурда.

Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки дарвоқеъ таи даҳсолаи охир мо эҳсос намуда истодаем, ки дар мамлакати азизамон барои боло бурдани тафаккури техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» чеҳраҳои навро дар арсаи илму маориф ва навовариву ихтироъкорӣ кашф намуд ва баргузории он дар имсол рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 320 нафар довталабон аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» хонандаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» -и шаҳри Хуҷанд Иқболхӯҷа Темирхоҷаев ҷойи якум гардид.

Ҳамчунин аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷойи аввалро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устоди Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон Хуршед Худойбердиев шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуда, ҳамасола баргузор карда мешавад. Ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 тақдим карда шуд.

Иштирокчиёни ҷойҳои 4,5,6-и даври ҷумҳуриявӣ, яъне чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.

Инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд