(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори ташкилоти Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунармандӣ барои кӯдакони имкониятҳои маҳдуди ташкилоти "Даргоҳи умед" мизи мудаввар дар мавзуи "Ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мутобиқ бо меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мизи мудаввар дар мавзуи "Ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мутобиқ бо меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО" дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба нақша чорабиниҳо ҳамоҳангшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, рақами 50, "Дар бораи оид ба муқовимат ба эпидемия вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ва Қарорҳои Раиси вилояти Суғд аз 21 апрели соли 2021, таҳти рақами 177, Раиси шаҳри Хуҷанд аз 24 августи соли 2021, рақами 321 "Дар бораи "Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемия вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии мизи мудаввар ин пешгирии паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо мебошад.

Дар мизи мудаввар намояндагони ҳамаи сохторҳои ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз ҷумла: шуъбахои кор бо занон ва оила, маориф, бахшхои ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Маркази ВНМО дар вилояти Суғд, нозирони минтақавии милитсия аз маҳаллаҳои осебпазир, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Мизи мудавварро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ оғоз намуда, аз иҷрои Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва нақшаи амали он ба ҳозирин маълумот дод.

Баъдан, роҳбари лоиҳаи мазкур Шӯҳрат Латифов оид ба мақсад ва ҳадафҳои лоиҳа ҳарф зада, қайд намуд, ки баҳри пешгирии ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, алалхусус нисбати занон ҳамаи иҷрокунандагон фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшид.

Зимни баромади худ директори "Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масъуният дар вилояти Сугд Ҳошим Раҳимов оид ба вазъи эпидемиологии вируси норасоии масъунияти одам сухан ронда, роҷеъ ба корҳои иҷрошуда маълумот дод. Ӯ ҳамчунин бобати ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, роҳҳои пешгирии паҳшавӣ аз сироятёбии эпидемия мазкур ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, дар мизи мудаввар намояндаи ТҶ “Насли ҷавони Тоҷикистон”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд ва нозирони минтақавӣ баромад намуда, оиди фаъолият дар ин самт, пешгирӣ ва профилактикаи кушодани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда баромадҳо намуда, таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Дар ҷамъбаст, аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва роҳбари ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии "Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО”-Таҳмина Ҳайдарова қайд гардид, ки ҳамкориро ҷиҳати иҷрои иштирокчиён нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллӣ, аз ҷумла дар самти коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ҷоннок намуда, пешниҳодҳои худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ТҶҶ “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” ирсол намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд