(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДаври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 24 нафар ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ намуда, мақомҳои ифтихории озмунро ба даст оварданд.

Аз ҷумла, ҳунарманди ансамбли наврасон ва ҷавонони “Шашмақом”- и назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Гулноза Ғаффорӣ аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ сазовори Шоҳҷоиза бо маблағи 50 000 сомонӣ, хонандаи мактаби санъати бачагонаи №1- и ба номи Лоиқ Шералӣ аз рӯи номинатсияи навозандагии эстрадӣ Сабрина Темирова сазовори ҷойи дуюм, хонандаи мактаби санъати бачагонаи №1- и ба номи Лоиқ Шералӣ аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ Замира Ӯрунова ҷойи дуюм, омӯзгори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз аз рӯи номинатсияи навозандагии академӣ Тахмина Исматӣ мақоми дуюм, Ҳунарманди ансамбли “Фалак” аз рӯи номинатсияи навозандагии эстрадӣ Фирдавс Маҳмудов сазовори ҷойи сеюм, хонандаи мактаби мусиқии №2-и ба номи Боймуҳаммад Ниёзов сарояндагии академӣ Абдусалом Маризоев ва хонандаи мактаби санъати №4 навозандагии анъанавӣ Нозанин Ҷамолиддинова лоиқи диплом бо мукофотпулӣ гардиданд.

Инчунин 17 нафар иштирокчиён бо дипломи озмуни мазкур сазовор гардиданд.

Муборак бод!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд