(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ доир ба кору пайкор ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар як иқдоми ибратбахши Пешвои миллатамон намунаи дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошад. Корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.

Шеъру гуфторҳо дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби хонандагон пешниҳод карда шуд.

Манзура Ёрматова, директори МТМУ №27 чорабиниро ҳусни анҷом бахшида аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз мову Шумо шоҳиди зиндаи онем, ки ба туфайли заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлат, Ватани маҳбубамон ба як кишвари биҳиштосо табдил ёфта, ҳамчун кишвари рў ба рушд ниҳода аз ҷониби тамоми давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ эътироф шудааст.

Ҳар як суханронӣ, ҳар як мулоқот, ҳар як амали сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаи олии дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки эътимод ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ дар кулли самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ хеле равшан ба назар мерасанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд