(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кўчаи Камоли Хуҷандӣ №1 воқеъ дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳри Хуҷанд боз як маркази омўзишии “Далфин” ба фаъолият шуруъ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази омўзишии «Далфин» дар шаҳри Хуҷанд якчанд сол инҷониб баҳри омўзиши хонандагон ба забонҳои хориҷӣ машғул буда, дар ин самт ба як қатор дастовардҳои чашмрас комёб шудааст. Марказ тасмим гирифтааст, ки фаъолияташро тавсеа бахшида, боз як маркази таълимии худро ифтитоҳ намояд.

Маркази таълимии навтаъсис дорои тамоми шароитҳои таълимӣ буда, дар як вақт то 100 нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва беш аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба ба онҳо машғулият мегузаронанд. Дар марказ забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва туркӣ васеъ таълим дода мешавад. Ҳамчунин омўзиши курсҳои омодагӣ ба мактаб, кадбонугӣ, муҳсоибот, дўзандагӣ, расмкашӣ ва ғайраҳо низ пешбинӣ гардидааст. Таҳсил барои хонандагони ятим ва маъюб ройгон ба роҳ монда мешавад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзобек Мирзобоев дар расмикушоди Маркази омўзишии “Далфин" иштирок намуда, ифтитоҳи чунин марказҳои забономўзӣ ва ҳунаромўзиро талаби замон унвон намуда, ба фаъолияти минбаъдаи он барору комёбиҳо орзу намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд