(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории короновирус ва тарғиби гирифтани ҳарчи зудтари ваксина, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи Тути калони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ваксиназании марҳилавӣ бар зидди COVID-19 22 марти соли равон оғоз шуд. Аввали моҳи июли имсол Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 эълом дошт, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Ваксина ягона роҳи боэътимоди пешгирии сироят ё ҷараёни мураккаби беморӣ мебошад.

Ваксина ду маротиба гузаронида мешавад. Вақте ки ваксинаи якум ворид карда мешавад, дар бадани инсон як хотира пайдо мешавад, вале он қудрати масуният пайдо кардан надорад. Ҳангоми ворид кардани ваксинаи дуюм якбора миқдори зиёди антителаҳо пайдо мешавад. Аз ин рӯ вояи дуюми ваксина ба хотири ташаккул додани масунияти пурқувват гузаронида мешавад. Мутобиқи пешниҳодҳои мутахассисони марказҳои илмӣ – тадқиқотие, ки ваксинаҳоро коркард ва барои қабул пешниҳод мекунанд, вояи дуюм бояд баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта шавад, зеро масуният дар бадан пас аз се ҳафта ташаккул меёбад.

Ба тавсияи мутахасисон шаҳрвандоне, ки гирифтори бемории COVID-19 мешаванд, бояд пас аз шаш моҳ ваксина карда шаванд. Ба андешаи бархе аз мутахассисон, пас аз бемор шудан як воя ваксина гирифтан кофӣ аст. Вале бархе аз мутахассисони дигар бар он назаранд, ки бояд 2 воя ваксина гиранд.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд