(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаҳои 10-11 ноябри соли 2021 дар толори варзишии "Суғдиëн'' мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии "Мактаби варзиши захираҳои олимпӣ''- шаҳри Хуҷанд оид ба бокс байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007, 2008-2009 ва 2010-2011 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқа зиёда аз 120 нафар варзишгарони намуди бокс иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорон қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд