(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз риштаи умри яке аз муаррихони варзида, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Мирбобоев дар синни 82 солагӣ канда шуд.

Ба ин муносибат субҳи имруз назди манзили зисти марҳум маросими видоъ сурат гирифт.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба аҳли хонаводаи марҳум ва ҷомеаи олимону пайвандон расонида, аз ҷумла афзуд, ки ҳар халқу миллат зиндагиномаи шахсиятҳои маъруфу бузургони худ, пешқадамону сиёсатмадорон, ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, собиқадорони соҳаю шахсони барӯманд, зиёиёни пешқадам ва инсонҳое, ки бо кору амалҳои нек дар зиндагӣ аз худ нақше барои фардоиён боқӣ гузоштаанд намунаи олии ибрат ба ҳамагон медонад.

Дар қатори ин гуна шахсиятҳои арзандаю фидоии касбии хеш метавон номи Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров инсони комилу мӯътабар, хоксору нексиришт, шахсияти поктинату поквиҷдон, падари ҳалиму меҳрубон, мушфиқу ғамхор Абдуллоҷон Мирбобоевро ном бурд, ки марги беамон ин шахси арҷмандро аз байни мо рабуд.

Бояд қайд намуд, ки тамоми фикру зикрашон ба манфиати ватан, ободии он, некӯаҳволии халқ равона гардида буд, ки зиндагиномаашон намунаи ибрат ба ҳамагон мебошад.

Номи Абдуллоҷон Мирбобоев чун шахси нексиришту хирадманд, соҳиби донишу маърифат ҳамчун ҷузъи ҷудонопазирии таърихи халқу миллат дар варақаҳои таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Мо боварӣ дорем, ки фарзандону шогирдонашон идомадиҳандаи кору пайкори ин шахсияти муътабар мегарданд. Ба пайвандон ва аҳли хонаводаи марҳум аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сабри ҷамил хоҳонам.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Абдуллоҷон Мирбобоев 3 декабри соли 1939, дар маҳаллаи Чуқураки гузари Кӯпруки баланди шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1965-1969 дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил намуда, солҳои 1969-1971 ба ҳайси сарлаборанти Шӯъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИ ҶТ кор кардааст. Солҳои 1971-1973 дар ҳайати муштараки Экспедитсияи бостоншиносии Иттиҳоди Шўравӣ ва Афғонистон иштирок намудааст. Солҳои 1971-1979 – ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи фарҳанги Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИ ҶТ буда, соли 1977 рисолаи номзадии худро дар мавзўи “Таърихи мадраса дар Тоҷикистони Шимолӣ” ҳимоя намудааст. Солҳои 1979-2002 – ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи фарҳанги Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИ ҶТ буд ва соли 1996 рисолаи докториро дар мавзўи “Дахмакҳои Куркат ва масъалаҳои идеологияи зардуштӣ дар қисмати шимолии Осиёи Миёна” ҳимоя кардааст. Солҳои 2002-2005 ба сифати мудири кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултети таърихи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошт. Соли 2004 профессори фахрии Коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон соҳиб гардид. Солҳои 2002-2005 – корманди пешбари илмии кафедраи илмӣ-тадқиқотии ЮНЕСКО, 2005-2016 – профессори кафедраи археология ва этнографияии халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 2016–2018 – профессор-мушовири кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият дошт. То лаҳзаи вопасини умр ба сифати профессор - мушовири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таъин шуда буд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд