(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар микроноҳияи 32-и маҳаллаи Дўстии халқҳои шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Ширин Асал» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази савдо ва хизматрасонии «Ширин Асал», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафарҷон Усмонов бунёд шудааст, асосан ба истеҳсол ва фурўши шириниҳои гуногун бо тамғаи молии «Ширин Асал» машғул буда, беш аз 30 намуди шириниҳоро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ба мизоҷон манзур менамояд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии «Ширин Асал» аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ тавсиф намуда, таъкид дошт, ки ин ҳама самараи ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорон арзёбӣ намуд, ки чунин шароит ва имтиёзоти кору фаъолиятро муҳайё намудаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин Маркази савдо ва хизматрасонии «Ширин Асал» намудҳои гуногуни шириниҳоро бо навъу шаклҳои гуногун мувофиқ ба завқи мизоҷон омода ва пешниҳод менамояд. Дар маркази мазкур истеҳсоли шириниҳо низ ба роҳ монда шуда, ба мизоҷон пешниҳод мегардад ва ҳамзамон истеъмоли он бо ҷойҳои нишаст барои беш аз 30 нафар дар як вақт муҳайё карда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд