(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз 18 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар шаҳри Анталияи Туркия аз фанҳои математика, география ва забони англисӣ 1 медали тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ ва 11 медали даставии нуқраро ба даст оварда буданд, баъди бозгашт ба Ватан роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, маъмурияти муассиса, омузгорон ва хонандагону волидайн самимона истиқбол намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд 18 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар шаҳри Анталияи Туркия ғолибият ба даст овардаанд, аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода самимона табрику таҳният гуфта, дар хониши ояндаашон муваффақиятҳо орзу намуд.

Таъкид шуд, ки чунин хонандагони болаёқат на фақат фахри Хуҷанд, балки тамоми Тоҷикистони маҳбуби мо мебошад. Давлату Ҳукумат чунин соҳибистеъдодҳоро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ хоннадагони литсей дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳони иштироки фаъолона намуда, шарафи мамлакати моро боло мебардоранд.

Сурайё Неъматова, директори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷуҳи доимӣ ва раҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд