(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре ки иттилоъ дода будем, 18 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд, аз фанҳои математика, география ва забони англисӣ 1 медали тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ ва 11 медали даставии нуқраро ба даст оварданд.

Тибки иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хонандаи синфи 10 литсей Алиҷон Усмонов аз фанни математика мақоми аввалро ба даст оварда бо медали тилло, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Лозим ба таъкид аст, Аличон Усмонов дар бахши математика аз 100 холи имконпазир 100 холро ба даст овард, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин байни тамоми иштирокчиёни озмун ба ҳисоб меравад. Ӯ ягона нафаре аст, ки баландтарин холи имконпазирро ба даст овард. Сафар Ҳасанов хонандаи синфи 9 аз фанни забони англисӣ ҷойи 2 - ум, Аҳмад Маъруфов- хонандаи синфи 10 аз фанни математика, Амир Султонов хонандаи синфи 9, Имдод Каҳҳоров хонандаи синфи 9, Аслан Нусратшоев хонандаи синфи 10, Ясмина Аҳророва - хонандаи синфи 9 ҳамагӣ аз фанни забони англисӣ ҷойи 3 умро ба даст оварданд. Лозим ба таъкид аст, ки Собирҷон Ҷамилов хонандаи синфи 10, Шерафкан Аюбов хонандаи синфи 8, Шарифҷон Маҳмудов хонандаи синфи 11, Ғайбуллоҷон Атамуллоев хонандаи синфи 9, Сорбон Султонзода хонандаи синфи 11, Нурсултон Бойҷонов хонандаи синфи 11, Амирбек Зокиров хонандаи синфи 11, Далер Ҳомидов - хонандаи синфи 6, Шукрулло Нарзуллоев хонандаи синфи 7, Мубин Фозилов хонандаи синфи 7, Самад Аҳмадов хонандаи синфи 8 аз фанни география дар намуди даставӣ иштироки фаъол намуда мақоми 2 - умро байни 30 даста сазовор гардида, бо медал, ҷом ва дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёкат" дар шаҳри Хуҷанд барои натиҷаи беҳтарин бо ҷоми махсус қадршиносӣ карда шуда, ҳамзамон барои иштироки фаъолонаи хонандагони Литсей ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода , Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода номаи миннатдории Кумитаи тадорукоти озмун супорида шуд.

Олимпиадаи мазкур аз рӯи фанҳои фанҳои дақиқ ва забони англисӣ аз 1 то 7 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид.

Чӣ тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 нафар хонандагони литсей моҳи сентябр ба даври финалии озмун роҳхат гирифта, бо даъвати кумитаи тадорукоти озмун ба шаҳри Анталияи давлати Туркия сафарбар карда шуданд.

Роҳбарии гурӯҳро ҷонишини директори муассисаи мазкур Марворид Бобохўҷаева ва омўзгор Мирзозокир Султонов бар уҳда доштанд.

Дар олимпиадаи «International olympiad Antaliya 2021» беш аз 2000 иштирокчӣ аз 27 давлат иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии дониш 13 сол инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ баргузор шуда, яке аз озмунҳои бонуфузтарин миёни хонандагон ба шумор меравад. Соли 2020 бинобар хуруҷи пандемияи COVID — 19 озмун тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, соли равон хонандагон барои иштирок дар 17 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз 15 олимпиадаи ҷаҳонӣ 156 медал ба даст оварда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз зумраи беҳтаринҳо ҳисобида шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд