(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, вайрон накардани қоидаҳои пиёдагардӣ ва донистани аломатҳои ҳаракат дар роҳ тибқи нақша-чорабиниҳои таътили тирамоҳӣ дар МТМУ20 чорабинӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо максади ҷалби хонандагон ба муассиса дар давраи таътили тирамоҳӣ сурат гирифта, он байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳти унвони "Эҳтиёт нисфи ҳаёт" бо иштироки маъмурият, омӯзгорон ва волидон роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ хонандагон доир ба аломатҳои роҳ, тарзи гузаштан аз роҳҳои пиёдагард, гузаргоҳҳои мошингард маълумотҳо дода, саҳначаи ҷолиби диққат дар мавзӯи "Оё аломатҳои роҳро медонед?" пешкаши ҳамагон гардониданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд