(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Конститутсия-шиносномаи миллат

Ҳамшаҳриёни азиз!

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад.

Бинобар ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рўйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори ватани азизамон гардид. Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандўст мебошад. Аз ин рў, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кулли мардуми шарафманди Хуҷанди бостониро ба муносибати қабули қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо ва кишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои тадбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд».

Таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерўҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт. Бештари ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.

Бинобар ин, бори дигар кулли мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷандро ба ифтихори Рўзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам.

Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи миллати мо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навин бошад!

Саломату сарбаланд бошед, ҳамшаҳриёни азиз!