(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои миллату давлат, ҳифзи суботу амнияти миллӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр сурат гирифта, дар ҷараёни он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар давлату миллат бар дӯши ҳар шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасоз. Мо бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши ҷавонон гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ пойдории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ талош намоем. Инчунин, барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем. Ҷавононро аз роҳи бегонапарастӣ боз дорем ва ба сўйи давлати миллӣ ҳидоят намоем.

Сипас, бо иштироки бонувони фаъол ва кормандони макомоти корҳои дохилӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ амалиёти "Маданияти шаҳрдорӣ" сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд