(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Анталияи кишвари Туркия Олимпиадаи байналалмиллалии «Дониш "International olympiad Antaliya 2021" аз фанҳои дақиқ ва забономўзӣ аз таърихи 1 то 7 ноябр баргузор мегардад, ки дар он дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар хонандагони болаёқати Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳанд намуд.

Тибқи иттилои директори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова 20 нафар хонандагони болаёқати литсей моҳи сентябри соли ҷорӣ ба даври финалии озмун роҳхат дарёфт намуда, бо даъвати кумитаи тадорукоти озмун ба шаҳри Анталияи кишвари Туркия сафарбар карда шуданд. Роҳбари гуруҳро ҷонишини директори муассисаи мазкур Марворид Бобохўҷаева ва омўзгор Мирзозокир Султонов бар уҳда дошта хонандагон санаи 2,4,6 ноябр аз фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ иштирок хоханд намуд.

Дар ин олимпиада иштироки 27 кишвари олам ва беш аз 2000 иштирокчӣ дар назар аст. Соли гузашта низ 20 нафар хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда дар натиҷаи ҷамъбасти озмун хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд 14 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла: 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷиро ба даст оварда буданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Олимпиадаи байналалмиллалии Дониш "International olympiad Antaliya 2021" аз фанҳои дақик ва забономузӣ тайи 13 сол инҷониб аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ ҳамасола ташкил ва баргузор гардида, яке аз озмунҳои бонуфузтарини хонандагон ба шумор меравад. Соли 2020 бо хуруҷи бемории сироятии Ковид - 19 озмун тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, имсол хонандагони болаёқати литсей барои иштирок дар 17 озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли хониши 2020-2021 хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 15 олимпиадаи ҷаҳонӣ 156 медал ба даст оварда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз зумраи беҳтарин ҳисобида шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд