(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Кохи Рўдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Моҳият, мазмун ва аҳамияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”” баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур омўзиши моҳият, мазмун ва аҳмияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ мебошад.

Дар чорабинии мазкур бо маърўзаи пурмуҳтаво сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Шоира Мутавалиён баромад намуда, таъкид кард, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то давраи қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуд, ки онҳо аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Тавре дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид доштанд: - “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷўӣ карда шавад”.

Бояд қайд намуд, ки дар мизи мудаввар Фируза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуд.

Мизи мудаввар дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдошт, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории созанда ва натиҷабахш баргузор шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд