(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, мудири шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ, комиссари ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигарон ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ҳозирин иттилоъ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави шаҳр корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад ва корҳо дар ин самт бояд тақвият бахшида шаванд, то ба мардум зиндагии шоиста фароҳам оварда шавад.

Сипас, гузориши раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ, муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода шунида шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷараёни иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ нигаронида шуд ва аз аъзои комиссияи шаҳрӣ, комиссариати ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳо ҷиҳати тақвияти кор ва таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҳарбӣ қотеъона талаб гардид.

Таъкид шуд, ки мояи ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу амният ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз ҳамчун шахсият шинохта шудани мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад.

Сипас пешниҳодоти прокуратураи шаҳр оид ба мавзуъоти мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масоили иҷрои босифати нақшаи андоз, омодагии хоҷагии халқи шаҳр ба зимистонгузаронӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои ташвиқотӣ байни мардум оид ба мавзуъҳои рўзмарра, тайёрӣ ба маъракаи ниҳолшинонии мавсимӣ ва ғайраҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд