(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори муассисаи ғайидавлатии "Гулчини маърифат" чорабинии идона тахти унвони "Тирамоҳи заррин"-"Иди меҳргон" бо иштироки намояндагони консули Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Я. Н. Дмитриевич, сардори Русский дом Н. В. Быховский, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ҷабборова М. муассиси муассиса - Зиебоев М., директори муассиса М. Муинова ва мудири кӯдакистони хусусии "Дилоро"-Ҳасанова Ш. ва хонандагон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Чорабинии зикршуда бо суруди "Мо аз хуни Сиёвушем..." оғоз гардида, таърихи пайдоиши ин иди ниёгон аз давраи шоҳ Фаридун бо саҳнаи театрикунидашуда мавриди тамошо қарор дода шуд.

Сипас, баромади Маликаи Тирамох, деҳконон бо сабади меваҳову сабзавот, қироати шеърҳо, суруду рақсҳои мавзун, озмунҳои оростани дастархони беҳтарини идонаи меҳргонӣ, кашидани тасвирҳои беҳтарин дар малберт дар саҳни мактаб оид ба фасли заррини сол пешкаши ҳамагон гардид.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ директори муассиса - Матлуба Муинова ҳозиринро бо ҷашни ин иди пуршукуҳ табрику муборакбод намуда, чорабиниро ҳусни итмом бахшид. Роҳбари муассиса ҳамзамон барои иштироки меҳмонон ба дарси намунавӣ ва чорабинӣ сипосгузорӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки робитаи ҳамкориро бо Маркази Рус дар оянда низ боз ҳам қави мегардонанд. Таъкид шуд, ки мақсади гузаронидани чунин дарсҳову чорабиниҳо дар амал татбиқ намудани таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омўхтани зиёда аз 3 забони хориҷӣ, дар амал татбик намудани Барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон аз фанни забони русӣ, бедор намудани шавқи забономўзии онхо мебошад.

Ҳамчунин барои дастгирии ҳамачониба ба муассиси муассиса - Муҳсин Зиёбоев барои гузаронидани дарсҳову чорабинӣ ва ба мутасаддиёну иштирокчиён арзи сипос баён намуд. Меҳмонон зимни баромади худ ба дарси намунавӣ ва чорабинӣ баҳои баланд дода, ҳамагонро бо ин иди бошукуҳ шодбош намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд