(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Сафири олмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ омўзгорон ва хонандагон истиқболи гарм намуданд.

Сипас Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн дар маҳфили илмӣ-адабии хонандагон бахшида ба 20 солагии таъсисёбии гимназияи Гёте иштирок намуданд.

Нахуст дар маҳфил доир ба ҷашнгирии иди ниёгон-иди Меҳргон маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки Меҳргон — ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод аст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ мебошад.

Сипас дар бораи дастовардҳои 30 соли Истиқлолият ва роҳи расидан ба остонаи Истиқлолият нақл карда шуд, таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ - орзуи дерину ширини халқи тоҷик буд ва хушо ки ин халқи накӯсиришт ба орзуи мукаддаси хеш шарафёб гашт. Ҳамакунун 30 сол мешавад, ки тоҷикон дар фазои истиқлол нафас мекашанд, дорои давлати соҳибистиқлоланд ва як кишвари мустақилу соҳибихтиёри оламанд. Ин бахт аст! Саодат аст! Шараф аст! Сари баланд ва ҳам масъулият аст!

Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Ба ин маънӣ, Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки дар 30 соли Истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Сипас саҳнае аз достони «Рустам ва Сўҳроб»- Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ намоиш дода шуд.

Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн ба қобилият, истеъдод ва донишҳои азхудкардаи хонандагони имназияи Гёте баҳои баланд дод.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Иванов, иҷрокунанднаи вазифаи директори Хонаи Русҳо дар ш. Хуҷанд Никита Биховский Сергеевич, директори GIZ дар Тоҷикистон Сабина Ольхов, низ иштирок ва баромад намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд