(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондўстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бахшида 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобикаи тирпарронӣ байни афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва дарҳои кушод бо 250 нафар хонандагони синни даъватии муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқаи мазкур дар қисми ҳарбии 3501-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, он аз рўи намудҳои тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомати тамғаи Калашников, тирҷойкунӣ ба тирдон, ҳаво додани норинҷак ба масофа гузаронида шуда дар он 120 нафар афсарону сарбозон иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони шуъбаи маориф, собиқадорон Аваз Қурбонов ва Саидҷон Қурбонов иштирок ва суханронӣ намуда ба ғолибону ҷоизадорон ифтихорномаҳою тўҳфаҳои хотиравӣ супориданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд