(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамарўза аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар идораву ташкилот ва корхонаву муассисаҳои шаҳр бо мақсади риояи ҷиддии талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории короновирус, бахусус риояи гигиенаи ҷамъиятӣ ва гирифтани иммунизатсия силсилаи тадбирҳо пиёда карда мешаванд.

Ҳарчанд, ки имрўзҳо низ вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ қарор дошта бошад ҳам, шаҳрвандон зимни гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва фаъолият бояд аз ниқобҳои гигиенӣ истифода баранд. Мутаасифона мушоҳида собит меосзанд, ки то ҳол мардум ба ин масъала аҳамият намедиҳанд, фориғболӣ зоҳир менамоянд, ки боиси гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мегарданд.

Мутаассифона имрўзҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб савор шудани мусофирон ва бидуни ниқоб идора намудани нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ронандагон мушоҳида мерасад, ки он ба ҳолати ногувор оварда мерасонад.

Масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала чора андешанд ва мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд