(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи як лоиҳа 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд соҳиби шаҳодатномаи касби дўзандагӣ ва пазандагӣ гардиданд.

Дар асоси нақшаи чорабинии шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии "Сафӣ" бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва шуғл фаро гирифтани занону духтарон курси думоҳаи омўзиши ҳунарҳои дўзандагӣ ва кадбонугӣ ба роҳ монда шуд, ки дар ин муддат онҳо нозукиҳои ин касбро моҳирона аз худ намуданд.

Дар фарчоми омўзиш ба занону духтарон аз ҷониби директори КВД "Маркази таълимӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила Шаҳодатнома ва тафдону мошинаҳои дарздўзӣ супорида шуд.

Хатмкунандагон дар навбати худ татбики чунин барномаву дастовард ва ғамхориро нисбати занону духтарон аз амалӣ гардидани дастуру супуроришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани бонувон арзёбӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд